Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон интиқоли газро ба Тоҷикистон қатъ кард


Рӯзи чаҳоршанбе Давлат Назриев-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба матбуот гуфт, ки Узбакистон интиқоли газ ба Тоҷикистонро қатъ кардааст. Ба гуфтаи вай, “Тоҷиктрансгаз” ба “Узтрансгаз” нома фиристодааст ва дархост кардааст, ки барои додани газ ба Тоҷикистон дар соли 2012 бо ин кишвар қарордод имзо кунад. Вале ҷониби Узбакистон имзои ин қарордодро ба таъхир андохтааст.

Ба гуфтаи оқои Нарзиев, 22 декабри соли гузашта Муродалӣ Алимардон-муовини нахуствазири Тоҷикистон ба Рустам Азимов-муовини аввали нахуствазири Узбакистон дар ин бора номае фиристодааст. Азимов дар ҷавоб навиштааст, ки таъмини гази Узбакистон ба харидорони аслӣ, яъне Чин ва Русия ҳал нашудааст, бинобар ин “имзои қарордоди миёни Узбакистону Тоҷикистон дар ин бора аз имкон берун аст”.
XS
SM
MD
LG