Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории ҳокими вилояти Бухоро


Муҳиддин Эҳсонов - ҳокими нави Бухоро
Муҳиддин Эҳсонов - ҳокими нави Бухоро
Ҳокими вилояти Бухорои Узбакистон баъди 15 соли раҳбарӣ бар ин вилоят барканор карда шуд. Як мақоми маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, Самойдин Ҳусейнови 65-соларо дар иҷлосияи маҷлиси вилоятӣ сабукдӯш карданд ва ба ҷои ӯ Муҳиддин Эҳсонов, ҳокими шаҳраки Вобканд ҳокими Бухоро таъйин шуд. Хабари барканории ҳокими вилояти Бухоро ҳанӯз расман таъйид нашудааст. Аммо ду рӯз пеш дар телевизиони расмии Бухоро барномаи вижае нашр шуд, ки ду мақоми идораи маҳаллии молиёт ва ду писари Самойдин Ҳусейновро ба фасод айбдор мекард. Бино ба хабарҳо, писарон ва ақрабои Ҳусейнов назорати чандин нуқтаи фурӯши сӯхтро дар даст доштанд. Дар вилояти Бухоро ҳудуди 1,5 миллион нафар ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG