Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон гуфт, кишвараш умедвор аст, ки интиқоли қудрат дар Кореяи Шимолӣ пас аз даргузашти раҳбари он Ким Ҷонг Ил ба таври осоишта ва мӯътадил ҷараён ёфта, сулҳ ва оромии минтақаиро таъмин менамояд. Вай такроран изҳори умедворӣ кард, ки муносибатҳо бо мардуми Кореяи Шимолӣ беҳтар хоҳанд шуд. Клинтон ишора кард, ки кишвараш аз вазъи иҷтимоии мардуми Кореяи Шимолӣ амиқан нигарон боқӣ мемонад.