Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои миллии Сурия анҷуманашро дар Тунис доир мекунад


Эътирозҳо дар Сурия идома доранд
Эътирозҳо дар Сурия идома доранд
Шӯрои миллии Сурия, ки намояндагони мухолифинро муттаҳид кардааст, имрӯз анҷумани нахустини худро баргузор мекунад.

Дар ин анҷуман дар шаҳри Ҳаммарти воқеъ дар канори пойтахти Тунис тақрибан 200 узви Шӯрои миллӣ ширкат доранд. Ҳадафи асосии анҷуман – идомаи муттаҳидшавии нерӯҳои мухолифин, таҳкими Шӯро ва табдили он ба як созмони нав аст.

Шӯрои миллии Сурия моҳи сентябр дар Истамбул таъсис шуда буд.

Дирӯз баъд аз намози ҷумъа дар чанд шаҳри Сурия намоишҳои зиддиҳукуматӣ идома ёфтанд. Дар шаҳри Ҳомс бар асари бархӯрди тазоҳургарон бо полис дасти кам шаш нафар ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилои СММ, тайи нӯҳ моҳи эътирозҳо дар Сурия дасти кам панҷ ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG