Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Леон Панетта вориди Кобул шуд


Вазири дифоъи Амрико Леон Панетта имрӯз вориди Кобул шуд. Ӯ бо раиси ин ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай, ҳамтои афғонаш Абдулраҳими Вардак ва ҳам бо фармондеҳони нирӯҳои байналмилалии таҳти фармони Амрико мулоқот хоҳад кард. Тайи 5 моҳи раҳбариаш бар Пентагон ин алакай дуввумин сафари Панетта ба Афғонистон аст.
Амрико эълон кардааст, ки то поёни соли ҷорӣ 10 000 сарбоз аз нирӯи 100 000-нафариашро аз Афғонистон берун мекашад. 23 000 сарбози дигар бояд то поёни сентябри соли 2012 баргарданд.
XS
SM
MD
LG