Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афроди мусаллаҳ корвони НАТО-ро ба оташ кашиданд


Шоми дирӯз дар ҷанубу ғарби Покистон ҳамлаи нав ба корвони мошинҳо бо маводи сӯхт барои нерӯҳои НАТО дар Афғонистон сурат гирифт.

Афроди мусаллаҳ савори мотосиклҳо ҳафт мошинро ба оташ кашиданд. Ҳангоми тирборон ронандаи яке аз мошинҳо ба ҳалокат расид.

Чанд рӯз пеш дар ҳамин гуна ҳамла дар канори шаҳри Кувейта 34 мошин бо маводи сӯхт ба коми оташ рафта буд.

Масъулияти ҳамларо ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст ва аммо дар гузашта толибон изҳор карда буданд, ба ҳаракати нақлиёт дар масири Покистон-Афғонистон, ки барои таъмини нерӯҳои НАТО истифода мешавад, муттасил монеъа эҷод хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG