Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши раиси ҷумҳури Русия ба тазоҳуроти бесобиқа


Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, гуфтааст, бо талаби тазоҳургарон дар саросари кишвар, ки хостори баргузории интихоботи нави порлумонӣ шуданд, розӣ нест. Ҳизби ҳокими Русияи Воҳид дар интихоботи рӯзи чаҳоруми декабр пирӯз шуд, вале мегӯянд, ки ин пирӯзӣ бо тақаллубкории зиёд ба даст омадааст. Рӯзи шанбе даҳҳо ҳазор нафар дар шаҳри Маскав раҳпаймоӣ карда ва хостори баргузории интихоботи нав ва раҳоии тазоҳургарони дигар шуданд. Дмитрий Медведев дар саҳфаи “Фейсбук”-и худ навиштааст, бо ҳеҷ яке аз баёнияву шиорҳои эътирозгарон розӣ нест, вале бо ин ҳол дастур додааст, “то мутобиқати фаъолияти тамоми ҳавзаҳои раъйгирӣ ба қонун” таҳқиқ шавад. Ва дигар ин ки рӯзи якшанбе 300 нафар аз миллатгароёни рус дар Маскав раҳпаймоӣ карда ва гуфтанд, бояд русҳо дар умури идории давлат ҳаққи бештар дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG