Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон мегӯяд, Амрико пойгоҳи Шамсиро холӣ кард


Артиши Покистон мегӯяд, нерӯҳои амрикоӣ рӯзи якшанбе як пойгоҳи ҳавоӣ дар ин кишварро холӣ карданд. Давлати Покистон ба нишони эътироз аз ҳамлаи ҳавоии маргбори НАТО, ки 24 сарбози покистониро кушт, аз Амрико хост, пойгоҳи Шамсӣ дар вилояти Балуҷистонро холӣ кунад. Гуфта мешавад, аз ин пойгоҳ Хадамоти Истихборотии Амрико бо ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин аъзои Толибону Ал-Қоидаро маҳв мекард. Баъди ҳамлаи ҳавоии НАТО дар рӯзи 24 ноябр, Покистон ҳамчунин роҳҳои интиқоли муҳимот ба нерӯҳои НАТО дар Афғонистонро баст. Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон гуфтааст, ки роҳҳо барои чанд ҳафта ба рӯи корвонҳои НАТО баста мемонад, агарчӣ ин паймон барои ҳамла бахшиш пурсидааст ва Амрико ҳам марги сарбозонро як фоҷиа хондааст.
XS
SM
MD
LG