Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти покистонӣ "фирор"- и Зардориро рад мекунанд


Раисиҷумҳури Покистон, Осаф Алӣ Зардорӣ рӯзи дувум аст, бо шиква аз дарди дил дар бемористоне дар Дубай ба сар мебарад. Сафари таъҷилии Зардории 56-сола ба Дубай овозаҳои истеъфои эҳтимолии ӯро ба миён овардааст. Мақомоти покистонӣ ин овозаҳоро рад мекунанд ва мегӯянд, вазъи Зардорӣ мӯътадил аст. Вазорати умури хориҷии Амрико гуфтааст, ба эҳтимоли табаддулот дар Покистон бовар надорад. Ин дар ҳолест, ки матбуот зери фишори сахти ҳарбиён қарор доштани Зардориро эътироф мекунад.
XS
SM
MD
LG