Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моше Катсав барои 7 сол ба зиндон рафт


Моше Катсав вориди зиндон шуд
Моше Катсав вориди зиндон шуд
Раисиҷумҳури пешини Исроил Моше Катсав имрӯз ба иҷрои 7 сол ҳукми зиндонаш оғоз кард. Катсави 66-сола ҳанӯз як сол пеш бо ҷурми таҷовуз ба номуси як зани ҳамкораш ва қасди бадрафтории ҷинсӣ нисбат ба ду зани дигар маҳкум шуда буд. Мавриди аввал ба давраи вазирии Катсав, аммо ду мавриди баъдӣ ба давраи раёсати ӯ рост меояд. Моше Катсав аз соли 2000 то 2007 раисиҷумҳур буд.
Ӯ дар роҳ ба сӯи зиндон бори дигар гуфт, ки бегуноҳ аст ва Исроил имрӯз «як марди зиндаро дафн мекунад.»
XS
SM
MD
LG