Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

300 нафар дар тазоҳуроти Маскав боздошт шуданд


Тазоҳуроти эътирозии Маскав
Тазоҳуроти эътирозии Маскав
Дар Маскав дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозӣ ҳудуди 300 нафар боздошт шудаанд. Онҳо бар зиди тақаллуб дар натиҷаҳои интихоботи порламонии рӯзи якшанбе ба эътироз баромада буданд. Матбуоти Русия мегӯяд, пулис раҳпаймоии тазоҳуркунандагонро ба сӯи бинои Кумиссиюни марказии интихоботӣ муттаваққиф сохтааст. 100 нафари дигар дар ҷараёни чунин тазоҳурот дар шаҳри Санкт Петербург боздошт шудаанд. Ҳизби ҳокими “Единая Россия” ё “Русияи Воҳид” тақрибан 50 дарсад рай ба даст овардааст, дар ҳоле, ки дар интихоботи соли 2007 хеле бештар аз ин рай ба даст оварда буд. Нозирони байналмиллалӣ мегӯянд, натиҷаҳои интихобот ба нафъи ҳизби ҳокими “Единая Россия” ҷаъл шудааст. Кохи Сафеди Амрико аз наҳваи шумориши оро ба таври ҷиддӣ изҳори нигаронӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG