Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Facebook барои тафтиши берунӣ розӣ шудааст


Мақомоти Амрико мегӯянд, Facebook розӣ шудаст, ки сиёсатҳои хусусии худро ташдид бахшад ва барои анҷоми тафтишҳои мунтазами берунӣ розӣ шавад, то бад-ин тариқ битавонад шикоятҳоро дар бораи истифода аз маълумотҳои хусусии муштариён ҳал кунад. Дар ин бора миёни Facebook ва Кумиссиюни федеролии тиҷоратии Амрико рӯзи сешанбе тавофуқ ба даст омадааст. Ҳоло Facebook дар саросари ҷаҳон 800 миллион корбар дорад ва метавонад ба маълумотҳои хусусии корбарон дастрасӣ дошта бошад. Аммо Facebook ба корбарон гуфтааст, ки ин маълумотҳо хусусӣ хоҳанд буд. Тибқи тавофуқоти ба дастомада Facebook розӣ шудааст, ки дар давоми 20 соли оянда дар ҳар ду сол як бор аз берун мавриди бозрасии мустақил қарор бигирад.
XS
SM
MD
LG