Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоён ба манозили дипломатҳо ҳамла бурданд


Дирӯз даҳҳо нафар тазоҳуркунандагони эронӣ ба ду манзили дипломатии Британия дар Теҳрон ҳамла бурданд. Британия ва маҳофили байналмиллалӣ ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карданд. Тазоҳуркунандагон дар оғоз ба сафоратхонаи Британия дар Теҳрон ҳамла бурданд, тирезаҳои бинои сафоратхонаро шикастанд ва парчами Британияро оташ заданд. Ин ҳамлаҳо дар ҷараёни раҳпаймоии эътирозӣ бар зидди таҳримҳои Британия анҷом гирифт ва раҳпаймоён “Марг бар Британия” шиор медоданд. Манзили дуввуми дипломатии Британия дар шимоли Теҳрон ҷойгир аст ва ба он тақрибан 100 нафар ҳамла бурданд. Хабаргузории Форс иттилоъ дод, ки дар ин ҷо 6 корманди сафоратхона гаравгон гирифта шудаанд, вале баъдтар пулис онҳоро раҳо кардааст. Дэвид Камерон-нахуствазири Бритнаия гуфт, “ин ҳамла ғазабовар ва қобили дифоъ нест” ва оқибатҳои ҷиддӣ дар пай хоҳад дошт. Вазорати корҳои хориҷии Эрон аз ин ҳамлаҳо изҳори таассуф кард ва гуфт, ки вазифадор аст аз дипломатҳо ва манозили онҳо дифоъ кунад.
XS
SM
MD
LG