Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ироқ тарҳи қарордоди муштараки газ таҳия шуд


Ироқ таҳияи як қарордоди 17 миллиард доллариро бо ширкати Royal Dutch Shell ва Митсубисӣ ба поён расонд. Тибқи ин қарордод аз чоҳҳои нафти ҷануби Ироқ газ истихроҷ мешавад. Дар авоили моҳи ҷорӣ кобинаи Ироқ санадеро ба тасвиб расонд, ки тибқи он Ширкати гази Басра таъсис меёбад. Ин ширкати муштарак хоҳад буд ва аз се чоҳи нафт дар вилояти Басра газ истихроҷ мекунад. Ҳоло ин се чоҳ бастаанд, зеро зербинои онҳо хароб шудааст. Ширкати гази ҷанубии Ироқ 51 дарсади саҳмия, Royal Dutch Shell 44 дарсад ва Митсубисӣ 5 дарсади саҳмияро дар ихтиёр хоҳанд дошт. Дар як рӯз тибқи ин санад 57 миллион метри муккааб газ истихроҷ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG