Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 15 нафар дар таркишҳои Ироқ


Дар ду таркиш дар Ироқ ба камияш 15 нафар кушта шудаанд. Таркиши аввал, ки дугона буда, ду бомба дар ду тарафи роҳ мунфаҷир шудаанд, мошинеро ҳадаф дошт, ки бинокоронро ба Фаллуҷа интиқол медод. Аммо дар минтақаи Боб-ул-Шарқии Бағдод ҳамзамон се бомб таркида, ҳафт нафарро ба ҳалокат расонд. Хушунат дар Ироқ баъд аз авҷ дар соли 2006 рӯ ба коҳиш ниҳодааст, аммо ҳамоно идора дорад. Танҳо дар моҳи октябр, бино бар омори расмӣ, 258 нафар дар чунин ҳамлаҳо кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG