Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба суфуфи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 100 фоиз иҷро шудааст. Фаридун Муҳаммадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон ба “Азия Плюс” гуфт, бархе сарбозони навдаъват алакай қасами ҳарбӣ ёд кардаанд. Даъвати тирамоҳӣ дар Тоҷикистон аз 1 октябр то 30 ноябр идома мекунад. Дар ҳар даъват ба сафи артиш аз 15 то 16 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола истихдом мешаванд. Ҷамъи афроди синну соли даъватӣ дар кишвар беш аз 600 000 гуфта мешавад, вале донишҷӯён ва ҳам онҳое, ки саробони ягонаи хонаводаанд, аз хидмати низомӣ озоданд.