Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Янукович мегӯяд, Тимошенко кӯмаки тиббӣ хоҳад гирифт


Виктор Янукович дар нишасти хабарии Киев
Виктор Янукович дар нишасти хабарии Киев
Виктор Янукович-раиси ҷумҳури Украина имрӯз гуфт, ки Юлия Тимошенко-раҳбари мухолифони ин кишвар дар давоми ду рӯзи оянда дар шаҳри Киев дар берун аз зиндон кӯмаки тиббӣ хоҳад гирифт. Ин изҳороти Янукович дар ҳоле садо медиҳад, ки нигарониҳо аз вазъи саломатии хонум Тимошенко дар рӯзҳои ахир бештар шудааст. Нина Карпачева-омбудсмени Украина рӯзи душанбе гуфт, ки Тимошенко бо саломатиаш мушкили ҷиддӣ дорад ва бояд дар берун аз зиндон муолиҷа бигирад. Карпачева гуфт, ки шоми рӯзи якшанбе дар зиндон бо хонум Тимошенко дидор доштааст ва дидааст, ки вай то чӣ андоза бемор аст ва ҳатто наметавонад аз ҷой бархезад.
XS
SM
MD
LG