Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷузъиёти ҳамла ба адиби озарӣ дар Боку


Рафиқ Тақӣ аз рост
Рафиқ Тақӣ, адиб ва хабарнигори маъруфи озарӣ, ки рӯзи шанбе дар Боку бар асари як ҳамла чанд зарби корд хӯрд, гуфтааст, ҳамлагарон ду нафар буданд. Ӯ изҳор доштааст, ки иллати ҳамла шояд як матлаби интиқодии ӯ дар бораи Эрон буд, ки рӯзи 10 ноябр дар сомонаи бахши озарии Радиои Озодӣ нашр шуд. Ҳамкасби ӯ Шаҳбоз Худууғлӣ гуфтааст, ҳамлагарон қасд доштанд, ба қалби адиб корд бизананд, вале китобе ки ӯ дар ҷайб дошт, пеши роҳи кордро гирифт.
Рафиқ Тақӣ дар соли 2007 дар пайи нашри як матлаби интиқодомез дар бораи Ислом ва паёмбараш Муҳаммад ба 3 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG