Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як амрикоӣ бо ҷурми терроризм дар Ню-Йорк


Мақомоти Ню-Йорк аз боздошти марде хабар доданд, ки бовар меравад, қасди бомбгузорӣ алайҳи сарбозони амрикоиеро, ки аз Ироқу Афғонистон бармегарданд, дар сар дошт. Ба гуфтаи мақомот, Хосе Пиментели 27-сола шаҳрванди Амрико буда, рӯзи шанбе дастгир шуд. Раҳбари пулиси Ню-Йорк Раймонд Келлӣ ӯро “як ҳаводори Ал-Қоида” ба қалам дод, вале гуфт, ки ӯ зоҳиран бо аъзои ин шабакаи террористӣ тамосҳои мустақим надошт. Келлӣ Пиментелро “гурги танҳо”-е номид, ки узви кадом созмони хориҷии террористӣ набуд. Ӯ афзуд, Пиментел шеваи сохтани бомбро аз як маҷаллае, ки Ал-Қоида дар нимқораи Араб нашр мекунад, омӯхта, қасди ҳамла ба афсарони пулис ва идораҳои почтаро низ дар сар мепарварид.
XS
SM
MD
LG