Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рахой мунтазири "мӯъҷиза"-е барои Испания нест


Мариано Рахой, ки интизор меравад, сарвазири ояндаи Испания шавад, шаби якшанбе гуфт, дар роҳи раҳоӣ аз буҳрон мунтазири “мӯъҷиза” нест. Изҳороти Рахой дар ҳолест, ки ҳизби мардумии ӯ бо касби аксарияти парлумонӣ дар интихоботи дирӯза ба ҳукумати 7-солаи ҳизби сотсиалист поён дод. Интизор меравад, ҳизби мардумӣ 186 курсӣ аз 350 курсии маҷлиси поёнии парлумони Испанияро ба даст биорад. Чунин аксариятро дар парлумони Испания дар се даҳсолаи ахир ягон ҳизб соҳиб нашуда буд. Интихоботи пеш аз мӯҳлат дар Испания дар пайи буҳрони сангини қарзҳо ва ба 21 дарсад расидани сатҳи бекорӣ доир шуд. Сарвазири кунунӣ Хосе Луис Запатеро аз мубориза барои давраи севвуми раҳбарӣ даст кашид.
XS
SM
MD
LG