Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури Дмитрий Медведев дар мавриди муҳоҷирон


Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, мегӯяд, кишвараш муҳоҷирони ғайриқонуниро аз қаламраваш ихроҷ хоҳад кард. Дар сӯҳбате бо хабарнигорон дар минтақаи Приволжский ӯ гуфт, муҳоҷироне, ки ба Русия меоянд, бояд суннату одоби кишварашро бипазиранд, вагарна бояд Русияро тарк кунанд, ё ғайриқонунӣ омада бошанд, ихроҷ хоҳанд шуд. Дмитрий Медведев, аз раҳбарони тамоми минтақаҳои Русия хостааст, бо муҳоҷироне, ки қонунро риоят намекунанд, сахтгир бошанд. Агарчӣ Дмитрий Медведев ба муҳоҷирони тоҷик ишорае накардааст, аммо дар чанд рӯзи гузашта бинобар зиндонӣ кардани ду халабони рус дар Тоҷикистон садҳо нафар аз муҳоҷиронии кории тоҷикро дар Русия боздошт карданд ва қисмеро ҳам аз онҷо ронданд.
XS
SM
MD
LG