Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар як корхонаи Чин 14 нафарро кушт


Бар асари таркише дар як корхонаи маводи химиявӣ дар Чин 14 нафар кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шудаанд. Як мақоми расмии Чин гуфт, инфиҷор рӯзи шанбе дар корхонаи шаҳри Хинтай дар вилояти Шандонг ба вуқӯъ пайвастааст. Ба навиштаи хабаргузории расмии “Синхуа”, таркиш зимни корҳои тармимӣ дар корхонаи тавлиди меламин сурат гирифтааст, вале олудагии хатарноке аз корхона хориҷ нашудааст.
XS
SM
MD
LG