Чашмҳо дар Аврупо аз Юнони бӯҳронзада ба сӯи Итолиё равона мешавад, зеро баҳраи қарзҳои пешниҳодӣ ба ҳукумати ин кишвар ба ҳадде боло рафтааст, ки аз соли 1999 аз замони таъсиси пули евро мушоҳида нашуд. Баҳраи қарз ба ҳукумати Итолиё, ки ҳафтумин иқтисоди бузурги ҷаҳон аст дирӯз то 6,67 дар сад афзуд, ки баҳраи бисёр боло дониста мешавад. Нигарониҳо авҷ гирифтааст, ки Итолиё аз ӯҳдаи пардохти тақрибан 2 триллион евро қарзи худ барнамеояд ва мисли Юнону Ирландия ва Португалия мӯҳтоҷи кӯмак мешавад. Афзоиши баҳраи қарзҳои пешниҳодӣ қарзҳои давлатиро ҳам зиёдтар мекунад. Бар асоси гузоришҳо, давлати Итолиё ба ҳадде, ки лозим аст, барои коҳиши қарзу хароҷоти буҷа ислоҳот анҷом намедиҳад. Силвио Берлусконӣ, нахуствазири Бритониё гузоришҳо доир ба эҳтимоли истеъфои худро рад кард, агарчӣ имрӯз дар ҳузури порлумон доир ба вазъи молӣ гузориш медиҳад.