Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати нави Юнон муаррифӣ мешавад


Ду ҳизби сиёсии Юнони бӯҳронзада бар сари номзад ба мақоми нахуствазири муваққат ба созиш расидаанд, ки бояд кишварашро аз бунбасти сиёсӣ ва аз вартаи варшикастагии молӣ раҳо кунад. Ҷорҷ Папандреу, нахуствазир ва пешвои умдаи мухолифин Антонис Самарас, мувофиқат кардаанд, ки имрӯз нахуствазири нав ва ҳайъати ҳукумат муаррифӣ шавад. Лукас Пападемос, муовини собиқи мудири Бонки Марказии Аврупо номзади аслӣ ба мақоми нахуствазири нави Юнон аст. Айни замон, раҳбарони кишварҳои ҳавзаи евро аз эътилофи аҳзоби Юнон хостаанд, ба паймоне имзо гузоранд, ки бар асоси он бояд Юнон дар ивази гирифтани кӯмакҳои молӣ аз Иттиҳодияи Аврупо, ба ислоҳоти иқтисодӣ идома бидиҳад. Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул дар ивази коҳиши хароҷот ва қарзҳои давлатӣ бештар аз 100 миллиард евро кӯмак ваъда кардаанд.
XS
SM
MD
LG