Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили инқилоби болшевикӣ таҳти шиори истеъфои раҳбарони Кремлин


аксе аз ҳуҷуми болшевикҳо ба қасри Зимний дар Петроград, соли 1917
аксе аз ҳуҷуми болшевикҳо ба қасри Зимний дар Петроград, соли 1917
Бахши русии радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки садҳо сокинони Иркутск, шаҳре дар минтақаи ҷанубушарқии Сибир 94-умин солгарди инқилоби болшевикии соли 1917-ро бо талаби истеъфои раҳбарон таҷлил карданд. Дар маркази шаҳри Иркутск имрӯз 400 фаъоли ҳизби коммунист, собиқадорони ҷанги дуюми ҷаҳон ва намоянагони созмонҳои ҷамъиятӣ бо интиқод аз сиёсати президент Медведев ва нахуствазир Путин раҳпаймоӣ карда истеъфои онҳоро талаб карданд. Онҳо инчунин аз раъйдиҳандагон даъват карданд, ки дар интихоботи қарибулвуқӯъ ба ҷонибдории ҳизби “Русияи воҳид”, ки ба гуфтаашон ҳизби “нобакорҳову ғоратгарон” аст, овоз надиҳанд. Дар айнан чунин як гирдиҳамоии Ангарск, ки маҳалли зисти 235 ҳазор аҳолӣ аст, бо ширкати ҳазор нафар баргузор шуд. Онҳо ба ҷонибдории ҳизби коммунист садо баланд карда изҳори умедворӣ карданд, ки дар интихоботи парлумониву президентӣ намояндаи ин ҳизб баранда мешавад. Раҳпаймоиҳои ҳамсон дар минтақаҳои дигари Русия низ баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG