Мақомоти расмӣ дар шимоли Афғонистон мегӯянд, шумораи кушташудагон дар инфиҷори назди масҷиди шаҳри Бағлон ба 8 нафар расидааст. Инфиҷор замоне рух додааст, ки мардум баъд аз намози Иди Қурбон масҷидро тарк мекарданд. Амиргул-як мақоми расмии ҳукумати маҳаллӣ мегӯяд, ду фармондеҳи нируҳои ниманизомии афғонӣ низ дар байни кушташудагон ҳастанд. Афроди дигар ғайринизомӣ будаанд. Аммо қаблан Сиддиқ Сиддиқӣ-сухангӯи вазорати корҳои дохилии Афғонистон гуфт, 7 нафар дар ин ҳодиса кушта шудаанд ва 15 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.