Ҳизби ҳокими Халқӣ-Демократии Тоҷикистон дар як ҳаракати ғайриинтизор, Сӯҳроб Шарифов – мудири Маркази мутолиоти стротегии тобеъи раёсати ҷумҳуриро, номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси Намояндагон пешниҳод кардааст. Сӯҳроб Шарифов, ки бештар аз 6 сол раиси ин марказ аст, аз сиёсатшиносони шинохта дар Тоҷикистон аст. Интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рӯзи 18 декабр баргузор мешавад ва номзади дигар барои вакилӣ аз ин ҳавза номзади Ҳизби Сотсиалист аст. Вакили ҳавзаи Шоҳмансур Сафаралӣ Раҷабов, чанде пеш даргузашт.