Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мақоми зиндон барои шиканҷаи занони зиндонӣ боздошт шуд


Дар Русия Сергей Зичков-муовини раиси зиндони занона дар шарқи Амур ба ҳабс гирифта шуд. Ин дар ҳолест, ки аз тариқи YouTube наворе пахш шудааст ва он нишон медиҳад, ки чӣ тарз Зичков занони зиндониро бераҳмона лату кӯб мекунад. Рӯзи душанбе дар YouTube се наворе пайдо шуд ва дар ин наворҳо дида мешавад, ки марде дар либоси низомӣ дар ҳуҷраи зиндон бо пой болои зане баромадааст ва бо мушту лағад вайро шаллоқ мезанад. Дар ин наворҳо Зичковро шинохтаанд ва вай боздошт шуд. Ин наворҳоро кормандони амниятии зиндон бардоштаанд ва он аз телевизион низ нишон дода шудааст.
XS
SM
MD
LG