Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори туркмани радиои Озодӣ аз зиндон раҳо шуд


Давлатмурод Язкулиев
Давлатмурод Язкулиев
Бар асоси афви раиси ҷумҳури Туркманистон хабарнигори зиндонии бахши туркмании радиои Озодӣ озод шуд. Давлатмурод Язкулиев дар авоили моҳи ҷорӣ барои панҷ сол маҳкум ба зиндон шуда буд. Вай барои он муттаҳам шуда буд, ки гӯё яке аз хешовандонашро ба худкушӣ таҳрик кардааст. Аммо хонаводаи вай ва хешовандонаш мегӯянд, ки вай барои гузоришҳои интиқодӣ, аз ҷумла барои барои гузориш дар бораи инфиҷори моҳи июл дар амбори аслиҳа дар Ашқобод маҳкум ба зиндон шуда буд. Баъд аз раҳои аз зиндон Язкулеив ба ҳамаи ононе, ки дар раҳоии вай саҳм дошанд, изҳори сипос кард. Стив Корн-раиси радиои Аврупои Озод-радиои Озодӣ гуфт, “ман медонам, ки Давлат қурбони сиёсатҳои Туркманистон шуд, кишваре, ки душмани озодии матбуот аст ва маҳофили байналмиллалӣ бояд ҳамла ба озодии баёнро маҳкум кунанд”.
XS
SM
MD
LG