Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори русро аз Белорус ронданд


Як хабарнигори русро имрӯз аз шаҳри Минск ронда ва барои як сол аз ҳаққи сафар ба Белорус маҳрум кардаанд. Игор Карамзин, хабарнигори рӯзномаи «Московский комсомолетс» ба Радиои Озолӣ гуфт, маъмурони амниятии Белорус ӯро баъди мусоҳиба бо ҳамсари Андрей Санникау сиёсатмадори зиндонӣ ва номзади собиқ ба мақоми раёсати ҷумҳур аз Минск хориҷ карда ва гуфтаанд, ки ӯ барои амнияти Белорус хатар эҷод мекунад. Ба Игор Карамзин ҳамчунин гуфтаанд, ӯ барои як сол ҳақ надорад, вориди Белорус шавад, дар акси ҳол ба се соли зиндон маҳкум хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG