Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посгоҳи марзии Достуки миёни қирғизҳову узбакҳо боз мешавад


Имрӯз соати 8 вақти маҳаллӣ посгоҳи марзии миёни Узбакистону Қирғизистон бо номи Достук боз хоҳад шуд. Ин посгоҳ мисли посгоҳҳои дигари марзии миёни ду кишвар моҳи апрели соли гузашта баста шуда буд. Он вақт тазоҳуроти эътирозӣ бар зидди Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури сарнагуншуда дар Қирғизистон шиддат мегирифт. Посгоҳҳои дигар ҳамчунион баста хоҳанд монд. Бисёре аз сокинони ду тарафи марз баъд аз бастани посгоҳҳои марзӣ ба мушкили рафту омад дучор шудаанд.
XS
SM
MD
LG