Боздиди Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷии Амрико аз чаҳор кишвари Осиёи Марказиву Ҷанубӣ, яъне аз Афғонистону Покистон ва Тоҷикистону Узбакистон ба поён расид. Вай бо раҳбарони ин кишварҳо масъалаҳои терроризм, масъалаҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқи башарро баррасӣ кард.
Дар рӯзи ахири боздиди худ аз минтақа рӯзи якшанбе дар Тошканд ба Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон барои ҳимояти нируҳои Амрико дар Афғонистон изҳори сипос кард, вале аз вазъи ҳуқуқи башар нигаронии худро иброз дошт ва аз раиси ҷумҳури Узбакистон хост, ки дар ин замина ислоҳот анҷом диҳад. Мақомоти Амрико мегӯянд, Каримов, ки ҳуқуқи башарро маҳдуд кардааст, қавл додааст, ки ба сӯи демократия қадам бармедорад.
Дар Душанбе низ хонум Клинтон ин нуктаро ба Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ёдоварӣ кард ва гуфт, бо имзои қонуне озодиҳои мазҳабиро дар кишвараш маҳдуд сохтааст ва он мумкин аст норизоятиро барангезад.
Вазири корҳои хориҷии Амрико дар ҷараёни ин силсилаи боздидҳояш аз минтақа нақшаи “Роҳи нави абрешим”-ро пешниҳод кард, ки метавонад заминаи беҳбуди тиҷорат ва доду гирифти миёни кишварҳои Осиёи Марказиро фароҳам орад. Хонум Клинтон аз Афғонистон ба Покистон рафт ва аз он ҷо вориди Тоҷикистон шуд. Дар Покистон аз мақомоти расмӣ дархост кард, ки ба шӯришиёни афғон паноҳгоҳ надиҳанд ва Толибонро ба музокироти сулҳ бо ҳукумати Кобул моил созанд.