Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳои ҳукумати нави Либия ба эълони озодшавии кишвар аз султаи Қаззофӣ


Раҳбарони нави Либия имрӯз бояд дар бораи хатми ҳаштмоҳаи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ва озодшавии комили он аз зери султаи 42-солаи Муаммар Қаззофӣ изҳорот диҳанд. Ҳазорҳо нафар бояд дар маросими эълони озодшавии кишвар дар шаҳри шарқии Бенғозӣ, ки тамоми эътирозҳо аз он ҷо шурӯъ шуда буд, гирди ҳам оянд. Рӯзи панҷшанбе дар зодгоҳаш шаҳри Сирт Қаззофӣ аз ҷониби сарбозони ҳукумати Шӯрои миллии гузор боздошт ва кушта шуд. Ҳанӯз ҳам маълум нест, сарнавишти ҷасади раҳбари собиқи кушташуда чӣ мешавад. Дирӯз хонавода ва қабилаи Қаззофӣ аз ҳукумат хост, ки ба хотири хоксупории ӯ аз рӯи қавонини шариат ҷасади ӯву дигар мақтулон ба онҳо таслим шавад. Ҳоло ҷасади хунолуди Қаззофӣ дар мазҳари ом дар як маркази тиҷоратии шаҳри Мисрота гузошта шудааст.
XS
SM
MD
LG