Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонум Клинтон ғайримунтазира аз Троблус боздид кард


Ҳилларӣ Клинтон бо Мустафо Абдулҷалил-раҳбари Шӯрои Миллии Гузори Либия дар Троблус
Ҳилларӣ Клинтон бо Мустафо Абдулҷалил-раҳбари Шӯрои Миллии Гузори Либия дар Троблус
Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷии Амрико ғайриинтизор аз Троблус-пойтахти Либия боздид кард, то робитаро бо раҳбарони нави Либия таҳким бахшад. Хонум Клинтон болотарин мақоми амрикоист, ки аз замони оғози эхътирозҳо бар зидди режими Муаммар Қаззофӣ дар моҳи феврал аз Либия боздид мекунад.
Мақомоти расмии Амрико мегӯянд, Хонум Клинтон дар ҷараёни ин боздид як силсила барномаҳои наверо эълон мекунад, ки ҳадафи онҳо суръат бахшидан ба таҳкими равобити Амрикову Либия, аз ҷумла муолиҷаи размандагонест, ки дар ҷангҳо маҷрӯҳ шудаанд. Барномаҳои табодули донишҷӯён ва кӯмак ба талошҳои мардуми Либия барои хотима гузоштан ба давраи силоҳсолории Муаммар Қаззофӣ низ ба ин барномаҳо дохил мешавад.
XS
SM
MD
LG