Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

27 октябр Лукашенко аз Тоҷикистон боздид мекунад


Александр Лукашенко
Александр Лукашенко
Боздиди Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Беларус аз Тоҷикистон 27 октябр сурат мегирад. Дар ин бора як мақоми ҳукуматӣ ба “Азия-Плюс” хабар додааст. Дар ҷараёни ин боздид миёни Тоҷикистон ва Беларус мувофиқатномаҳои ҳамкории миёни ду кишвар барои солҳои 2011-2020 ба имзо мерасад. Гардиши колои миёни ду кишвар дар 9 моҳи соли ҷорӣ 52,8 миллион долларро ташкил додааст. Аз Тоҷикистон ба Беларус аслан пахта содир мешавад. Тоҷикистон аз Беларус воситаҳои нақлиёт ва қисмҳои эҳтиётии онҳоро ворид мекунад.
XS
SM
MD
LG