Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Густариши таҳримҳои ИА зидди Эрон ва Беларус


Иттиҳоди Аврупо таҳримҳояш алайҳи афроди наздик ба режимҳои ҳокими Беларус ва Эронро дар посух ба саркӯби ҷунбишҳои мухолиф ва нақзи ҳуқуқи инсон густариш дод. Дар ҳамоиши Люксембург вазирони умури хориҷии эътилоф 16 нафарро ба феҳрасти 192 нафари Беларус шомил карданд, ки сафари онҳо ба Иттиҳоди Аврупо ва дороияшон дар ин кишварҳо манъ аст. Ҳамчнуин 29 нафар ба феҳрасти Эрон ворид шуда, теъдоди афродро дар он ба 61 нафар расонд.
XS
SM
MD
LG