Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон стратегияи муҳоҷирати кориро тасвиб кард


Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз дар як ҷаласа Стратегияи миллии муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015 тасвиб кард. Ҷузъиёти стратегияро эълом накардаанд, аммо таври маълум солона аз Тоҷикистон тақрибан як миллион нафар барои кор ба Русия ва дигар кишварҳои шӯравии собиқ муҳоҷират мекунанд. Саҳми муҳоҷирони корӣ дар иқтисоди Тоҷикистон бисёр бузург аст, чун онҳо солона ба кишвар бештар аз 2 миллиард доллар мефиристанд. Аммо бисёре аз ин муҳоҷирон дар Русия дар шароити сангине кору зиндагӣ мекунанд ва солона ба гуфтаи мақомоти расмӣ на камтар аз 600 муҳоҷири тоҷик дар Русия кушта мешавад.
XS
SM
MD
LG