Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти боз 3 хабарнигор дар Эрон


Дар чанд ҳафтаи охир боз 3 хабарнигоре, ки барои расонаҳои давлатии Эрон кор мекарданд, боздошт шудаанд. Боздошти Меҳрдод Сарҷӯӣ, Амиралӣ Алломазода ва Ҳодӣ Аҳмадӣ ба шумори хабарнигорони зиндонӣ дар Эрон боз ҳам афзуд. Алломазода, ки барои хабаргузории ИЛНО кор мекард, рӯзи 17 сентябр дастгир шуд. Шореҳи иқтисодии хабаргузории ИСНО Аҳмадиро дар авоили моҳ дар Караҷ боздошт кардаанд. Аммо Сарҷӯӣ, ки дар як нашрияи англисии чопи Теҳрон кор мекард, тақрибан 2 моҳ пеш ба даст афтодааст.
XS
SM
MD
LG