Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози тарафдорони Раббонӣ дар Кобул


Имрӯз садҳо эътирозгар дар тазоҳуроте дар Кобул қатли раисиҷумҳури собиқи Афғонистон Бурҳонуддин Раббониро маҳкум карданд. Бино ба хабарҳо, тазоҳургарони ағлаб тоҷик «Марг ба Покистон» ва «Марг ба Толибон» гуфта шиор мезаданд. Раббонӣ, ки раҳбари Шӯрои олии сулҳ буд, як ҳафта пеш дар натиҷаи як сӯъиқасд дар Кобул кушта шуд. Дирӯз идораи амнияти миллии Афғонистон гуфт, як гумонбари калидӣ дар қатли Раббониро дастгир кардааст. Ба бовари ин ниҳод, дар ин сӯъиқасд раҳбарони аршади ҷунбиши Толибон даст доранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG