Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати дабири кулли СММ аз Отунбоева


Отунбоева
Отунбоева
Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун дар пешорӯи интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон аз раҳбари феълии он кишвар даъват кард, то тавсияҳои асосии таҳқиқоти мустақили даргириҳои хунини қавмии соли гузаштаро иҷро кунад. Бан ин мавзӯъро 2 рӯз пеш дар Ню-Йорк бо Роза Отунбоева дар миён гузоштааст. Ӯ ҳамчунин ба талошҳои худи Отунбоева ҷиҳати тазмини як интихоботи шаффофу қобили боварӣ дар райъгирии рӯзи 30 октябр таъкид кардааст.
Даргириҳои қавмии байни қирғизҳову узбакҳо дар моҳи июни соли 2010 дар ҷануби Қирғизистон беш аз 470 кушта ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG