Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии Бауэр ва Фаттал ба таъхир уфтод


Бауэр ва Фаттал дар додгоҳи Эрон
Бауэр ва Фаттал дар додгоҳи Эрон
Вакили мудофеъи ду кӯҳнаварди амрикоиии дар Эрон боздоштшуда гуфт, раҳоии онҳо шояд то рӯзи 20 сентябр таъхир шавад. Масъуд Шафеъӣ гуфт, ӯ дар пайи ба даст овардани имзои қозии парванда аст, вале ин қозӣ фақат рӯзи сешанбе аз мураххасӣ бар хоҳад гашт. Қабл аз Шафеъӣ намояндаи Ироқ дар Эрон Нозим Даббоғ гуфт, раҳоии ин ду амрикоӣ шояд баъд аз сафари раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Ню-Йорк сурат бигирад. Қарор аст, Аҳмадинажод рӯзи 19 сентябр ба хотири ширкат дар иҷлоси солонаи Маҷмаъи умумии СММ роҳии Ню-Йорк шавад.
Шон Бауэр ва Ҷош Фаттал моҳи гузашта бо ҷароими “убури ғайриқонунии марз” ва “ҷосусӣ” 8-солӣ ҳукми зиндон гирифтанд. Дар ҳафтаи гузашта раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар мусоҳиба бо расонаҳои амрикоӣ хабар дод, ки Бауэр ва Фатталро низ то 2 рӯзи дигар раҳо хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG