Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои гузори Либия ҳукуматро муаррифӣ мекунад


Бо вуҷуди идомаи ҷангҳои шадид бо нерӯҳои ҳаводори Муаммар Қаззофӣ, Шӯрои миллии гузори Либия барои муаррифи ҳукумати нави муваққатӣ омода мешавад. Ҳаводорони Қаззофӣ дар зодгоҳи ӯ шаҳри Сирт ва шаҳри Бани Валид дигарбора ба шӯришиён ҳамла кардаанд, вале як сухангӯи Шӯрои миллии гузор гуфт, нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ то чанд рӯзи дигар шикаст дода хоҳанд шуд. Куҷо будани худи Қаззофӣ маълум нест, вале ба қавли сухангӯяш, ӯ дар дохил аст ва ҷанг алайҳи ҳукумати муваққати Либияро раҳбарӣ мекунад. Айни замон аъзои Шӯрои миллии гузор бар сари аъзои ҳукумати нав баҳс доранд ва баъзеҳо шикоят кардаанд, ки гурӯҳи мухолифи Ихвонулмуслиминро ба ҳукумати муваққат роҳ намедиҳанд.
XS
SM
MD
LG