Сироҷиддини Ҳаққонӣ, раҳбари тарсноктарин шабакаи ситезаҷӯёни Афғонистон, эълом кардааст, ки дар сурати музокироти Толибон бо ҳукумати Кобул ва Иёлоти Муттаҳида ӯ ҳам ба ин музокироти сулҳ хоҳад пайваст. Раҳбари шабакаи "Ҳаққонӣ" дар ин бора зимни сӯҳбат бо хабаргузории “Ройтерс” сухан гуфтааст. Амрико борҳо аз давлати Покистон хоста буд, шабакаи Ҳаққониро, ки дар минтақаи қабоилнишини Вазиристони Шимолӣ паноҳ мебарад, нобуд кунад. Аммо Сироҷиддини Ҳаққонӣ гуфтааст, ӯ дигар дар Покистон нест ва худро дар дохили Афғонистон амн эҳсос мекунад.