Бо ҳашт бозӣ сабқати Лигаи қаҳрамонҳои футболи Аврупо шоми сешанбе шурӯъ шуд. “Барселона”, ки бояд аз унвони қаҳрамони лига дифоъ кунад, бозиро бо “Милан” якранг, 2:2 анҷом дод. Дар гурӯҳи дигар дастаи “БАТЕ”-и Беларус бо як гол дар қисми дуюми бозӣ ҳисобро бо “Виктория”-и Плзен, Ҷумҳурии Чех, мусовӣ намуд. “Шахтёр”-и Донестк бозиро бо ҳисоби 1:2 ба “Порто”-и Портгулия бохт. Бо айни ҳисоб “Зенит”-и Санкт-Петербург аз тарафи “Апоел Никосия”-и Қибрис мағлуб шуд. “Челсӣ”-и Англия ба дарвозаи “Байер Леверкасен”-и Олмон ду тӯби беҷавоб зад ва “Арсенал” бо “Боруссия”-и Дортмунд ба ҳамдигар якголӣ заданд.