Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Клинтон аз тасмими мақомоти Эрон


Шон Бауэр ва Ҷош Фаттал
Шон Бауэр ва Ҷош Фаттал
Вазири хориҷаи Амрико гуфт, Вошингтон аз изҳороти раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар мавриди ду кӯҳнаварди амрикоии зиндонӣ хушҳол шуда, умедвор аст, ки Шон Бауэр ва Ҷош Фаттал ба зудӣ раҳо хоҳанд ёфт. Аҳмадинажод ба расонаҳои амрикоӣ гуфт, ин ду кӯҳнавардро, ки бо ҷурми ҷосусӣ ва убури ғайриқонунии марз дар Эрон 8-солӣ ҳукми зиндон гирифтаанд, то 2 рӯзи дигар раҳо хоҳанд кард. Вакили онҳо Масъуд Шифоӣ гуфт, Бауэр ва Фаттал низ дар ивази пули гарав озод мешаванд.
Шон Бауэр, Ҷош Фаттал ва Сара Шоурд ҳанӯз моҳи июли соли 2009 ҳангоми кӯҳнавардӣ дар марзи Ироқу Эрон боздошт шуданд. Худи онҳо мегӯянд, нодониста вориди Эрон шудаанд. Сара Шоурд як сол пеш дар ивази ним миллион доллар пули гарав раҳо ёфта, ба Амрико баргашта буд.
XS
SM
MD
LG