Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошӯбгарони Либия то остонаи Банӣ Валид расиданд


Ошӯбгарони Либия мегӯянд, ки онҳо ба зудӣ шаҳри Банӣ Валидро забт хоҳанд кард. Банӣ Валид ва се шаҳри дигари Либия таҳти назорати нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ қарор доранд.

Ҳайати фармондеҳии ошӯбгарон изҳор намуд, ки нерӯҳои онҳо айни ҳол дар дукилометрии маркази Банӣ Валиданд ва дар роҳ бо муқовимати шадид рӯ ба рӯ мешаванд. Аз оғози ҳамла ба ин шаҳр, ба гуфтаи ошӯбгарон, чаҳор нафар, аз ҷумла, се тан аз ҷонибдорони Қаззофӣ кушта шуда, даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Набардҳо дар остонаи шаҳри Сирт, зодгоҳи раҳбари суқуткардаи Либия ҳам, идома доранд.

Имрӯз мӯҳлати зарбулаҷали ошӯбгарон ба ҷонибдорони Қаззофӣ барои силоҳ ба замин гузоштан тамом шуд.
XS
SM
MD
LG