Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи "Плаза" - баландтарин сохтмони Душанбе


Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон дар ҳузури раиси ин ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон расми ифтитоҳи маркази тиҷоратии «Душанбе –Плаза» доир шуд. Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе гуфт, баландии ин сохтмони 22-қабата 92 метр буда, барои бунёдаш аз будҷаи пойтахт 160 миллион сомонӣ, муодили 33 миллион доллар, ҷудо шуда буд.
Ин сохтмон акнун баландтарин бино дар кишвар маҳсуб мешавад. То кунун баландтарин сохтмонҳои Тоҷикистон ду бинои 16-қабата дар маҳаллаи Яккачанори Душанбе буд.
Шавкат Саидов гуфт, ба зудӣ дар маҳаллаи Буни ҳисорак боз як иншооти ҷашнӣ – Боғи пойтахт - ифтитоҳ хоҳад ёфт, ки ба гуфтаи сухангӯи шаҳрдорӣ, назири «Диснейлэнд» аст.
XS
SM
MD
LG