Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон ним аср мемонад


Сарони Тоҷикистону Русия мувофиқат кардаанд, то ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон то тақрибан ним қарни дигар тамдид шавад. Дмитрий Медведев, дар поёни мулоқот гуфт: “Мо мувофиқат кардем, ба ниҳодҳои марбута дастурҳои заруриро медиҳем, ки тарҳи созишномаи нав дар бораи то 49 соли дигар тамдид кардани ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистонро то семоҳаи соли оянда барои имзо омода кунанд. “Маълум нест, ҳузури пойгоҳ ҳамчунон ройгон хоҳад буд ва ё Русия барои он ба Тоҷикистон пул хоҳад пардохт. Бино ба гузоришҳо, давлати Тоҷикистон хоста буд, то Русия барои ин пойгоҳ, ки бештар аз 7 ҳазор сарбоз дорад, бештар аз 200 миллион доллар бипардозад. Ду тараф сари тарҳи нави созишнома музокироти печидае доштанд. Имрӯз ҳамчунин созишнома дар мавриди ҳузури гурӯҳи мушовирони марзбонии Русия дар Тоҷикистон имзо шуд, ки салоҳияти ин мушовиронро назар ба гузашта бисйор кам мекунад.
XS
SM
MD
LG