Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӣ навраси Покистон ба асорати Толибон афтодаанд


Мақомоти Покистон мегӯянд, ҷангҷӯёни Толиб дар Афғонистон тақрибан 30 кӯдаки покистониро, ки нодониста марзро гузаштаанд, гаравгон гирифтанд. Рӯзи панҷшанбе писарони аз 12 то 18-сола ҳангоми таҷлили Иди Рамазон аз минтақаи қабоилнишини Баҷаури Покистон тасодуфан вориди вилояти Кунари Афғонистон шуда ва ба дасти Толибон афтодаанд. Маълум нест, Толибони худи Покистон ҳастанд ва ё афғон. Раҳмон Малик, вазири умури дохилии Покистон дар тамосе аз ҳукумати Афғонистогн хостааст, дар амри раҳоии кӯдакон аз асорати Толибон мусоидат кунад.
XS
SM
MD
LG