Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, хабари дусолӣ кам шудани мӯҳлати ҳабси Ёқуб Салимов ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро таъйид кардааст. Ҷаноби Салимзода гуфтааст, ҳамчунин мӯҳлати нигаҳдории Ёрибек Иброҳимов, мулаққаб ба Шайх Иброҳим, Садриддин Тошев, Исматулло Ҳабибуллоев ва Ҷамшед Сиёев, раҳбари мӯҳрабизнеси "Ҷамол-компания" дар зиндон низ поин оварда шуд. Ёқуб Салимов дар соли 2004 ба 15 соли зиндон маҳкум шуда буд ва акнун бо коҳиши ин 2 сол то поёни ҳукмаш 4 солу 10 моҳи дигар боқӣ мемонад. Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар соли 2005 ба 23 соли зиндон маҳкум шуда, бо 2 сол камтар шудани ҳукмаш бояд тақрибан 14,5 соли дигар дар зиндон бимонад. Қонуни афв, ки ба муносибати солгарди 20-уми истиқлоли Тоҷикистон тасвиб шуд, дар маҷмӯъ то 15 000 нафарро фаро гирифта, аз ҷумла раҳоии то 4 000 маҳбусро дар назар дорад. То кунун садҳо зиндонӣ аз зиндони шаҳри Норак, Ёвон ва Хуҷанду Душанбе ба озодӣ баромад, парвандаи садҳо нафари дигар қатъ шудааст.